Пайвандҳои дастрасӣ

Офати табиӣ дар Қалъаи Ҳусейн


Бар асари болои маҷрои рӯди Роғоб фурӯ рехтани як бораи кӯҳ 47 хонаводаи сокини рустои Қалъаи Ҳусейни ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо хатари зери об мондан дучор шудаанд. Мақомоти Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба “Авасто” гуфтаанд, ҳаҷми ярч 12 000 метри мукааб буда, он маҷрои Роғобро бастааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, об акнун аз садди бавуҷудомада убур карда ва хатари обхезӣ ба 47 хонавода, мактабу бунгоҳи тиббӣ ва як пули мошингард дар ин минтақа таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG