Пайвандҳои дастрасӣ

Дави нимамарафонӣ ба шарафи Рӯзи Пойтахт


Рӯзи 17 апрел, дар Рӯзи Пойтахт, бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон нахустин сабқати байналмилалии дави нимамарафонӣ баргузор хоҳад шуд. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов гуфт, дар ин дав бар замми 50 варзишгари тоҷик намояндагон аз 14 бародаршаҳри Душанбе низ ширкат меварзанд. Дав аз аспрези Душанбе оғоз ёфта, тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то посгоҳи Чорбоғ давом мекунад ва дар маҷмӯъ 21 километру 97 метр роҳро дар бар хоҳад гирифт. Барандаи сабқат соҳиби ҷоизаи 3000-долларӣ хоҳад шуд. Барои ғолибони дави нимамарафонӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 30 000 доллар ҷоиза таъйин кардаанд. Рӯзи Пойтахт дар Душанбе одатан шанбеи севвуми апрел таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG