Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавсими кишти пахта дар Тоҷикистон оғоз ёфт


Дар Тоҷикистон мавсими кишти пахта шурӯъ шуд. То имрӯз дар вилояти Хатлон дар майдони 6 000 гектар ва дар Суғд дар 4 000 гектар пахта кишт шудааст. Ба хотири раҳбарӣ ба маъракаи кишти пунба таҳти раёсати муовини сарвазир Муродалии Алимардон як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис ёфтааст. Назруллоҳ Дадабоев, сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфт, имсол дар 184 000 гектар замин пахта кишт хоҳанд кард. Соли гузашта майдони кишти пахта дар Тоҷикистон 170 000 гектар ва ҳосили солонааш 290 000 тоннаро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG