Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия мехоҳад ҳукумати нави Қирғизистонро шиносад


Русия мехоҳад ҳукумати нави худэълоншудаи Қирғизистонро ба расмият шиносад, дар сурате, ки Амрико гуфтааст, ҳоло дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати нави Қирғизистон тасмим нагирифтааст. Вале Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки истеъфо намедиҳад ва вай раҳбари расмии ин кишвар мебошад, дар ҳоле, ки вай Бишкекро тарк кардааст ва назорат бар коре ё чизеро дар даст надорад. Гузоришҳои расида аз Бишкек ҳокист, ки вазъ дар шаҳр ором нест ва садои тирандозӣ дар қисматҳои мухталифи шаҳр ба гӯш мерасад. Вақте, ки рӯзи панҷшанбе Роза Отунбоева худро раҳбари ҳукумати муваққати миллӣ эълон кард, билофосила Владимир Путин-нахуствазири Русия ба вай занг зад ва баъд аз чунин нооромиҳо, ки дар он дастикам 75 нафар кушта шудаанд, кӯмаки Русияро пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG