Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмонони конфронси моҳи июн даъват шудаанд


Аз 8 то 10-ӯми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе кори конфронси байналмиллалӣ зери номи "Об барои ҳаёт" баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст. Барои ширкат дар кори ин конфронс намояндагони 192 кишвари узви СММ ва намояндагони 60 созмони байналмиллаливу минтақаӣ даъват шудаанд. Дар маҷмӯъ ширкати 500 намоянда дар ин конфронс пешбинӣ шудааст ва созмонҳои муътабари байналмиллалӣ, аз қабили САҲА, СММ, Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва амсоли он намояндагӣ хоҳанд кард. Ба нақша гирифта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гушоиши ин конфронс суханронӣ кунад. СММ солҳои 2005-2015-ро даҳаи "Об барои ҳаёт" эълон кардааст. Дар конфронс роҳҳои истифода аз захираҳои обӣ, самарбахшии об дар бахши кишоварзӣ, мутобиқ шудан ба тағири иқлим ва масъалаҳои дигар баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG