Пайвандҳои дастрасӣ

Байкал ва нигарониҳои муҳитзистӣ аз осиёи коғази он


Донишмандони бахши сибирии Фарҳангистони Улуми Русия аз Владимир Путин-нахуствазири ин кишвар дархост кардаанд, ки дар соҳили Кӯли Байкал корхонаи тавлиди коғаз ё осиёи коғазро дубора боз накунад. Онҳо дар номаи худ навиштаанд, ки бо боз кардани ин корхона Русия тааҳҳудоти байналмиллалии худро дар бораи ҳифзи муҳити зисти атрофи кӯл нақз мекунад. Донишмандон гуфтааанд, фаъолияти ин корхона ба ҳифзи Байкал зарар дорад. Моҳи январ ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки ин корхонаро дубора фаъол кунад, зеро он барои 14 000 нафар мардуми атрофи кӯл ҷои кор фароҳам меорад. Байкал амиқтарин кӯл дар ҷаҳон ба шумор меравад ва дар он 20 дарсади оби поки рӯизаминии ҷаҳон нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG