Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарзи миёни рӯҳониюн ва Аҳмадинежод дар Эрон


Муҳаммад Ҷавод Акбарин-яке аз рӯҳониюни наздик ба доираи мазҳабии Қуми Эрон гуфтааст, чанд нафар аз рӯҳониюни саршиноси Қум аз мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар рӯзи боздидаш аз Қум даст кашидаанд. Қарор аст Аҳмадинежод 18-ӯми апрел аз Қум боздид кунад. Ба гуфтаи Акбарин танҳо як нафар аз рӯҳониюни саршиноси Қум ба мулоқот бо Аҳмадинежод розӣ шудааст. Рӯҳониюн дар мулоқоти худ бештари вақтро дар интиқод аз Аҳмадинежод сарф кардаанд. Ба гуфтаи Акбарин, чунин кор далели он аст, ки миёни рӯҳониюн ва ҳукумат дарзе ба вуҷуд омадааст ва чунин равиш метавонад барои раҳбари рӯҳонии кишвар мушкилиҳо пеш орад, зеро вай мехоҳад, ки муносиботи рӯҳониюн бо раиси ҷумҳур хуб бошад.
XS
SM
MD
LG