Пайвандҳои дастрасӣ

Кумунистҳои Украина зодрӯзи Ленинро ҷашн мегиранд


Кумунистҳои шаҳри Лугански Украина 140-ӯмин солгарди зодрӯзи Владимир Ленин-раҳбари Шӯравии собиқро ҷашн мегиранд. Дар ин бора бахши украинии радиои Озодӣ хабар додааст. Ин ҳафта дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 40 дона таблои бузург бо аксҳои Ленин пайдо шуд. Дар канори акс аз номи Ленин суол гузошта шудааст: "Хуб, шумо зиндагӣ дар давраи капитализмро чӣ тавр дарёфтед?" Сокинони Луганск ба пайдоиши ин аксҳо вокуниш нишон додаанд ва гуфтаанд, ки чунин кор талоше барои таҳрикоти сисёсист. Зодрӯзи Ленин 22-юми апрел аст.
XS
SM
MD
LG