Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мехоҳад нигарониҳоро дар Аврупо аз байн бибарад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар Аврупои марказиву шарқӣ мулоқот кард, то ин нигарониҳоро аз миён бардорад, ки равобити хуби Амрикову Русия мумкин аст иртиботи амниятӣ бо моҳвораҳои шӯравии собиқро заиф кунад. Рӯзи панҷшанбе Барак Обама дар Прагаи ҷумҳурии Чех мизбони як маҷлиси зиёфат барои 11 нафар раҳбарони кишварҳои узви НАТО буд. Ин мулоқот баъд аз имзои Аҳдномаи миёни Амрикову Русия дар бораи коҳиши аслиҳаи стротегии ҳастаӣ дар Прага сурат гирифт. Аҳдномаро Барак Обама ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имзо карданд. Кишварҳои Шӯравии собиқ бовар доранд, ки равобити қаввӣ бо Амрико барои амнияти онҳо хеле муҳим аст.
XS
SM
MD
LG