Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев гуфт, ки истеъфо намедиҳад


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи панҷшанбе иддао кард, ки вай аз қудрат нарафтааст ва аз мақомош истеъфо надодааст. Суханони Боқиев баъд аз он садо дод, ки мухолифон мегӯянд, баъд аз ду рӯзи нооромиҳои хушунатомез назорат бар кишварро ба даст даровардаанд. Қурмонбек Боқиев, ки бо радиои "Эхо Москви" сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки вай аз мақомаш истеъфо намедиҳад. Боқиев ин суханонро замоне ба забон овард, ки Роза Отунбоева-вазири пешини корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфт, вай раҳбари ҳукумати муваққати мардумист ва фаъолияти ҳукумати давраи гузорро шаш моҳ ҳамоҳанг мекунад, то пешнависи Қонуни Асосии нав таҳия шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG