Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусоҳибаи Қурмонбек Боқиев бо "Эхо Москви"


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз дар мусоҳиба бо радиои "Эхо Москви" гуфт, истеъфо надодааст. Боқиев гуфт, раҳбари мунтахаби кишвар аст ва ҳеҷ навъ шикастро намепазирад. Ӯ афзуд, феълан дар ҷануби Қирғизистон аст ва қасди тарки кишварро надорад. Боқиев дар хушунатҳои ахир, ки дастикам 75 кушта ва беш аз 1000 захмӣ ба ҷо гузошт ва Қирғизистонро таккон дод, мухолифинро айбдор кард.
Ин дар ҳолест, ки назорати давлат ба дасти мухолифин гузашта, парлумони Қирғизистон низ мунҳал шудааст. Раҳбари мухолифин Роза Отунбоева гуфт, ӯ раҳбарии ҳукумати муваққатро то 6 моҳи дигар, то замони таҳияи Қонуни асосии ҷадид анҷом хоҳад дод: “Мо ҳамчун ҳукумати муваққат ҳамзамон кулли салоҳиятҳои раисиҷумҳур, парлумон ва ҳукуматро иҷро хоҳем кард. Мо назорати қудратро дар кишвар бар дӯши худ мегирем.”
Сарвазири Русия Владимир Путин бо Роза Отунбоева сӯҳбати телефоние дошта, ва ба мухолифини қирғиз “кӯмакҳои башарӣ” пешниҳод кардааст, ки зоҳиран аломати эътирофи хонум Отунбоева ба ҳайси раҳбари ҳукумати эътимоди миллист.
Вазири умури дохилӣ дар ҳукумати муваққати Қирғизистон Булат Шерниёзов имрӯз гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз дуздиву ғоратгарӣ ба нирӯҳои амниятӣ дастур додааст, то алайҳи ғоратгарон аз силоҳҳои оташфишон истифода баранд.
Ҷомиаи байналмилалӣ, бо шумули Амрикову Русияву Чин, ИА ва СММ, ҳамаи ҷонибҳоро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд. Фиристодаи хоси дабири кулли СММ Ян Кубиш, қарор аст, фардо, 9 апрел вориди Бишкек шавад.
XS
SM
MD
LG