Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев мегӯяд, ки истеъфо надодааст


Як сомонаи хабарии Қирғизистон, мавсум ба www.24.kg мегӯяд, тавассути эмейл баёнияеро дарёфт кардааст, ки аз номи раиси ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев буда, ӯ дар он мегӯяд, ки аз мақом истеъфо надодааст. Боқиев ҳамчунин мухолифинро дар хушунатҳои ахире, ки Қирғизистонро таккон дод, айбдор мекунад.
Аммо то ҳол воқеан ба Боқиев тааллуқ доштани ин изҳорот таъйид нашудааст.
XS
SM
MD
LG