Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили молӣ муҳассилинро аз озмун маҳрум кард


Ширкати 7 нафар хонандаги макотиби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Восеъ дар озмунҳои фаннии байнулмиллалӣ бо сабаби камбуди маблағ номумкин гаштааст.

Давлаталӣ Шарипов, мудири идораи маорифи ноҳияи Восеъ, мегӯяд, озмуни байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ дар миёнаҳои моҳи апрел бояд дар давлатҳои Русия ва Туркия баргузор гардад, аммо барои сафар ва иқомати хонандагон ба давлатҳои мазкур наздики 2 ҳазор долари амрикоӣ ба ҳар яке лозим аст, ки ҳоли ҳозир идораи маориф онро наметавонад пардохт кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи мудири маориф, роҳхати иштирок ба хонандагони макотиби ноҳия дар чунин озмунҳои байнулмиллалӣ осон ба даст наомадааст. Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ афзуд, “бо роҳнамоии Вазорати маориф хонандагону омӯзгорон ба сомонаҳои интернетӣ даромада, кушиш ба харҷ доданд, то дар ин озмун иштирок кунанд. Дар сурати иштирок накардан меҳнати хонандагон барбод меравад”.

Дар ҳамин ҳол Фирдавс Қаюмов, яке аз ин хонандаҳо, мегӯяд, дар ҳоле, ки моҳҳо барои иштирок дар чунин озмун омодагӣ гирифтааст, бо сабаби камбуди маблағ монеъи иштирок шуданашон рӯҳияи илмомӯзии ӯ ва дигар ҳамсабақонашро хоҳад шикаст.

Ба гуфтаи масъулин, пас аз истиқлолият барои нахустин бор аст, ки хонандагони макотиби як ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои иштирок дар озмунҳои байнулмиллалӣ роҳхат мегиранд ва бо сабаби камбуди маблағ наметавонанд, дар онҳо иштирок кунанд. Ин ҳам дар ҳоле будааст, ки маорифи ноҳия ба мушкили ҷалби духтарон ба мактаб дучор шудааст.

Давлаталӣ Шарипов, мудири идораи маорифи ин ноҳия, мегӯяд, давоми як соли ахир онҳо натавонистанд 1,5 ҳазор духтарро ба мактаб барои идомаи таҳсил ҷалб кунанд. Ӯ ин омилро ба тафаккури пасти падару модар баста медонад.

Зимни як ҷаласса дар ин ноҳия Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон низ ба масъулин ҳушдор дод, ки духтаронро ба мактаб ҷалб кунанд ва дар иҷрои ин амр аз қувваи маомоти интизомӣ кор бигиранд.

Феълан, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ беш аз 40 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ 15 ҳазор хонандаро ба таҳсил фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG