Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як мурофиаи "гурӯҳи Рино" ба поён расид


Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукмаш дар қиболи гурӯҳи сартарошидаҳои рус ба раҳбарии Артур Риноро эълон кард. Додгоҳи 10 сол ҳукми зиндони Артур Рино ва Павле Скачевскийро, ки ҳангоми анҷоми ҳамалот алайҳи мардуми ғайрирус ноболиғ будаанд, тағйир надод, вале ҳукми Роман Кузинро аз 20 ба 22 соли зиндон тамдид кард.
Додгоҳи Маскав ин навбат даст доштани аъзои ин гурӯҳ дар ҳамла алайҳи Карэн Ғарибян дар соли 2006 ва ҳамлаҳо ба зидди шаҳрванди Узбакистон Обидов ва шаҳрванди тоҷик Булаёзов дар моҳҳои январ ва марти соли 2007-умро муҳокима кард. Ҳайъати ҳакамон ҳанӯз рӯзи 25 март ин сегонаро дар анҷоми ин се ҳамла муҷрим шинохт.
Мурофиаи аввали парвандаи “гурӯҳи Рино” моҳи декабри гузашта анҷом шуда буд.
XS
SM
MD
LG