Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури низомии Русия дар Қирғизистон афзоиш ёфт


Русия мегӯяд, ба дунболи суқути ҳукумати раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳузури низомиашро дар Қирғизистон афзоиш додааст. Николай Макаров, фармондеҳи ситоди асосии артиши Русия гуфт, ба хотири ҳифозати маъмурони пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ва аҳли хонаводаҳои онҳо ба ин минтақаи воқеъ дар ҳошияи Бишкек ҳудуди 150 сарбози чатрбоз эъзом шудааст.
Бо ин ҳол, имрӯз сарвазири Русия Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ ба раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева “кӯмаки башарӣ” пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG