Пайвандҳои дастрасӣ

Иртибот миёни Манас ва Афғонистон қатъ шудааст


Нирӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар пайи ошӯбҳои сиёсӣ дар Бишкек парвозҳо аз пойгоҳи ҳавоии Манаси Қирғизистон ба манзури кӯмак ба амалиётҳои НАТО муваққатан тавқиф шуд. Аммо сухангӯи НАТО Теддӣ Шолтис гуфт, ки ин тавқиф ба амалиётҳо ва таъминоти нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон таъсири ҷиддие нагузоштааст. Амрико пойгоҳи Манасро ба манзури таъмини нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон иҷора гирифта, дар ин пойгоҳ як маркази транзитӣ дуруст кардааст. Шолтис гуфт, як теъдод ҳавопаймоҳоро аз Манас кӯч доданд. Сафорати Амрико дар Бишкек аммо хабар дод, ки пойгоҳи ҳавоии Манас ба фаъолияташ идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG