Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев имрӯз дар Прага паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаиро имзо карданд. Ин қарордод коҳиши зарродхонаҳои ин ду кишварро дар назар дорад.

Паймони ҷадид баъд аз музокироти тӯлкашидаи тарафайн, инак ба имзо расид ва ҷойгузини паймони қаблии СТАРТ шуд, ки ҳанӯз соли 1991 байни Маскаву Вошингтон имзо шуда, вале замони эътибораш дар моҳи декабри соли гузашта поён ёфт.

Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар Прага, як силсила масоили дигари доғи байналмилалӣ, аз ҷумла мавзӯъи барномаҳои ҳастаии Эрон ва вазъи Қирғиз истонро низ баррасӣ кардаанд.

Тибқи паймони ҷадид, теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаии Русияву Амрико аз 2200-и феълӣ бояд тайи 7 соли оянда то ҳадди 1550 коҳиш ёфта, шумораи мушакбарҳо барои ҳарду ҷониб бо танҳо 700 мушакбар маҳдуд хоҳад шуд.

Ҳамчунин то 18 маъмурияти назоратӣ ба манзури назорат бар ҷараёни иҷрои ин паймон дар назар гирифта шудааст.

Барак Обама ин қарордодро як нуқтаи атф дар амнияти ҳастаӣ ва ҳам барои равобити Амрикову Русия хонд.





Ӯ гуфт: “Имрӯз як нуқтаи атф дар амри таъмини амнияти ҳастаӣ ва манъи густариши силоҳҳо ва ҳам барои равобити Амрикову Русия аст. Ин паймон азми муштараки мо дар роҳи музокироти паймони нави коҳиши таслиҳоти стротежиро такмил кард. Ин паймон коиҳши қобили мулоҳизаи силоҳҳои ҳастаиеро, ки мо мехоҳем мустақар кунем, фаро мегирад. Ин паймон теъдоди мушакбарҳои моро тақрибан ду маротиба кам мекунад. Ин паймон режими назорати фарогиреро низ дар бар мегирад, ки заминаро барои эҷоди эътимоди бештар миёни мо фароҳам мекунад.”

Барак Обама гуфт, паймони имзошуда дар Прага қарорди муҳим, вале танҳо як қадами аввал дар як роҳи тӯлонист.

Медведев барномаи бунёди сипари зиддимушакии Амрикоро бузургтарин мушкил дар роҳи расидан ба тавофуқ бар сари паймони ҷадиди СТАРТ номид ва гуфт, ҷониби Русия аз ибтидо ба таври ошкор тасвиби паймони нави коҳиши таслиҳотро бо барномаи сипарҳои зиддимушакӣ иртибот дода буд.

Медведев бори дигар таъкид кард, ки Маскав ин барномаи Амрикоро, ки бунёди ҷузъҳои сипари зиддимушакиаш дар Аврупои шарқӣ, мушаххасан дар Ҷумҳурии чех ва Лаҳистонро дар назар дошт, таҳдид ба амнияти худ мешиносад.

Обама аммо ба навбаи худ Медведевро итминони хотир дод, ки ин барномаҳо “тағйири мувозинати стротежӣ” байни Амрикову Русияро ба ҳадаф надоранд, балки бештар алайҳи кишварҳои сияҳкоре нигаронида шудаанд, ки метавонанд соҳиби таслиҳоти ҳастаӣ ва ё мушакҳо шаванд.

Обама гуфт, ду ҷониб ҷиҳати тавсиъаи доманаи баҳси масоили дифоъи мушакӣ низ ба тавофуқ расидаанд.

Дмитрий Медведев имзои паймони ҷадиди коҳиши таслиҳоти стротежӣ бо Амрикоро оғози як роҳи бузург номид ва гуфт, бояд аз ҳамин ҷодаи ҳамкорӣ роҳ паймуд. Медведев ҳамчунин гуфт, қадами муҳиме, ки дар Прага гузошта шуд, дар ҳар сурат, байни Маскаву Вошингтон ҳусни бештари эътимод ва тафоҳум эҷод мекунад.

Ӯ гуфт: ”Ман мӯътақидам, ончӣ ки то ҳол анҷом шудааст, танҳо оғози як роҳи бузург аст. Ва ман тамоман намехоҳам, ки равобити миёни Амрикову Русия дар чаҳорчӯби танҳо масъалаи коҳиши таслиҳоти стротежии ҳамалотӣ маҳдуд шаванд. Мо бояд дар риштаҳои дигари муҳим низ ҳамкорӣ кунем”.

Интихоби Прага ба ҳайси макони имзои ин паймон рамзист. Соле пеш Барак Обама маҳз аз ҳамин шаҳр бо паёми фарогире ба дунё муроҷиат карда ва дар он даст ёфтан ба як ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаиро аз ҳадафҳои умдаи худ ном бурда буд.

Мавзӯъи дигари музокироти Обамаву Медведев дар Прага барномаҳои ҳастаии Эрон буд.

Барак Обама гуфт, Эрон бояд дар инзивоъ қарор дода шуда, “пайомадҳо”-и нақзи паймони ҷаҳонии манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро бубинад. Дмитрий Медведев гуфт, бо ин изҳори назари Обама “комилан мувофиқ“ аст. Медведев Эронро танқид кард, ки ба “пешниҳодҳои зиёди созанда” пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш посухе надод. Медведев гуфт, Русия ба нақзи паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиӣ аз ҷониби Эрон “чашм пӯшида” наметавонад.

Ӯ гуфт: “Муттаассифона, Теҳрон ба як силсила тавофуқоти гузашткоронае, ки барояш пешниҳод шуд, вокунише нишон намедиҳад. Ва мо наметавонем ба ин чашм бипӯшем. Аз ин рӯ, ман чунин ҳолатро сарфи назар намекунам, ки Шӯрои Амният боз ҳам маҷбур хоҳад шуд, то ин масъаларо баррасӣ кунад”.

Медведев афзуд, таҳримот ба сари худ дар мавориди аҳён ба ҳадафи худ ноил мешаванд, вале дар бархе маворид ногузиранд. Вале раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки таҳримоти нав алайҳи Эрон бояд хеле фаҳмида ва оқилона бошанд ва мунҷар ба фоҷиаи башарӣ барои мардуми Эрон нашаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG