Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Маскав дар ин рӯйдодҳо даст надорад"


Сарвазири Русия Владимир Путин гуфтааст, ки Маскав дар рӯйдодҳои ахири Қирғизистон даст надошт. Путин гуфт, суқути давлати Қурмонбек Боқиев бо дасти мухолифин барои ӯ низ рӯйдоде “ғаримунтазира” буд. Путин ҳамзамон давлати Боқиевро интиқод кард, ки иштибоҳҳои раҳбари пешини Қирғизистон Аскар Оқоевро, ки 5 соли пеш низ дар натиҷаи ошӯби мардум барканор шуд, такрор кардааст.
Путин гуфт, таассуроте бардошта буд, ки Боқиев низ айнан аз ҳамон пайроҳаи Оқоев гом бардошта, ба мансабҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ хешовандон ва дӯстони худро таъйин мекунад.
Аммо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар як баёнияи алоҳида гуфт, рӯйдодҳои Қирғизистон кори дохилии он кишваранд, вале ин ошӯб шахми шадиди мардуми оддӣ аз давлати Боқиевро намоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG