Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду тоҷик бо ҷурми кӯдакрабоӣ


Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми зиндони ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба кӯдакрабоӣ муттаҳам мешуданд, ба қувваи худ боқӣ гузошт. Қаблан додгоҳи Люблино ин ду нафарро ба 8 ва 6 соли зиндон маҳкум карда буд. Муттаҳамон даст доштани худ дар ин ҷиноятро радд мекунанд ва вакилони мудофеъи онҳо мегӯянд, ки додгоҳ натавонист ғараз аз ин мавриди одамрабоиро собит кунад. Тафтишот мегӯяд, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта дар кӯчаи ба номи Маршалл Голованови пойтахти Русия ду кӯдакро иҷборан ба мошин шинонданд, вале онҳоро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG