Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонси "Юсуф ва Зулайхо" қалбҳоро мепайвандад


Дар шаҳри Хуҷанд барои нахустин бор оҷонсе таҳти унвони "Юсуф ва Зулайхо" ифтитоҳ шудааст, ки ба ҷавонони маҳаллӣ дар ҷустуҷӯ ва интихоби ҷуфти муносиб барои зиндагӣ кӯмак мекунад.

Мурод Қурбонов, роҳбари ин оҷонсӣ, мегӯяд, ҳарчанд тавассути оҷонсиҳо пайдо кардани ҷуфти муносиб барои сокинони кишвар таҷрибаи нав аст, вале аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии он даҳҳо нафар ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Вай меафзояд, “бештар аз вазъу шароити душвори зиндагии худ қисса мекунанд. Ба нақли онҳо, сабаби ҷудошавии оилаҳо аз нодориву ниёзмандӣ ва хушунатҳои хонаводагӣ будааст”.

Аз як сӯ нодорӣ ва аз сӯи дигар рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардани аксари мардҳо сабаби танҳову муҷаррад мондани садҳо духтарону занони тоҷик шудааст ...
Оқои Қурбонов ҳамчунин мегӯяд, оҷонсӣ тасмим дорад, барои нафароне ҳам, ки нуқсон ва ё иллати ҷисмонӣ доранд ва ба онҳое, ки дар маҳбасхонаҳо ба сар мебаранд, дар пайдо кардани нафари муносиб дар барпо намудани оила кӯмак кунад.

Гулбаҳор, сокини 30-солаи Хуҷанд, яке аз аввалин муштариёни оҷонсии шиносоии «Юсуф ва Зулайхо» дар Хуҷанд аст, ки барои пайдо кардани бахти худ ба ин оҷонс муроҷиат кардааст.

Вай мегӯяд, 8 сол пеш бо ҷавоне хонадор шуд, вале хушбахтии онҳо дер давом накард ва баъд аз 3 сол оилаи онҳо барҳам хӯрд. Ба гуфтаи хонум Гулбаҳор, вай дар тӯли 8 соли танҳоӣ талош кардааст, то дигарбора оилаи солим бунёд кунад, аммо то ин замон нафари ба худ муносибро пайдо карда натавонистааст.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки умдатан издивоҷи ҷавонон бо масъулияти волидон сурат мегирад, аз як сӯ нодорӣ ва аз сӯи дигар рӯ ба муҳоҷират овардани аксари мардҳо сабаби танҳову муҷаррад мондани садҳо духтарону занон шудааст.

Оҷонсии тозатаъсиси шиносоии «Юсуф ва Зулайхо», тасмим гирифтааст, аз ин ба баъд барои онҳое, ки дар интихоби ҷуфти муносиб мушкилӣ мекашанд, кӯмак кунад.

Шарифа, сокинони 65-солаи Хуҷанд, аз ифтитоҳи ин гуна як оҷонсӣ хушнуд аст. Вай мегӯяд, ин марказ метавонад ба бисёре аз ҷавонон, ки дар ҷустуҷӯи ҷуфти муносиб ва бунёди оилаҳои ҷавон муосидат мекунад.

Вай меафзояд, онҳое, ки дар бораи ҳамсари ояндаи худ маълумоти кофӣ надоранд, метавонанд тавасути чунин марказ маълумоти зарурӣ пайдо ва баъд аз он бо розигии падару модарон оилаи худро ташкил кунанд.

Аммо Орифҷон Байзоев, имомхатиби Масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, мегӯяд, то имрӯз ҷавонони мо ба чунин навъи шиносоиву оилабарпокунӣ омода нестанд. Ба гуфтаи ӯ, агарчи интихоби ҷуфти муносиб масъулияти худи ҷавонон аст, вале аксари кулли волидон ин масъулиятро бар душ мегиранд.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, оҷонси шиносоии «Юсуф ва Зулайхо» дар ҳоле метавонад муваффақ шавад, ки расму анъанаҳои миллӣ ва мазҳабиро низ риоя кунад.

Масъулони оҷонси шиносоии «Юсуф ва Зулайхо» ният доранд, ки намояндагиҳои онро дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру навоҳии кишвар ифтитоҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG