Пайвандҳои дастрасӣ

Навори нави сарбози амрикоӣ нашр шуд


Толибони Афғонистон навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он Боув Бергдал, сарбози амрикоии дар тобистони гузашта асируфтода зоҳир мешавад. Бергдал дар ин навор мегӯяд, ки мехоҳад ба назди хонаводааш дар аёлати Айдаҳо баргардад. Ӯ мегӯяд, ҷанги Афғонистон баро бо қимати ҷони онҳое, ки нопадид ваё асир шудаанд, нест.
Дар поёни навор марде, ки худро сухангӯи Толибон меномад, мегӯяд, ки ҷангиён дар ивази раҳоии ин сарбози асир раҳоии як теъдод маҳбусонро талаб мекунанд.
Навори қаблӣ бо тасвири Бергдал моҳи декабр нашр шуда буд. Боув Бергдал рӯзи 30 июнги соли 2009 дар шарқи Афғонистон нопадид шуд. Аммо воқеъияти навори ахир аз сӯи нирӯҳои Амрико ҳанӯз расман таъйид нашудааст.
XS
SM
MD
LG