Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии як юнонӣ аз асорати Толибон


Мақомоти Покистон мегӯянд, ҷангиёни Толибони Афғонистон як марди юнониро, ки 7 моҳ қабл дар шимолуғарби Покистон рабуда шуда буд, раҳо кардаанд. Раҳматуллоҳ Вазир, як мақоми аршад дар водии Читроли Покистон гуфт, вазъи сиҳҳати Афанасиос Лероунис хуб аст ва озодии ӯ дар натиҷаи музокироти раҳбарони қабоили сокини Читрол бо гаравгонгирон дар вилояти ҳамҷавори Нуристони Афғонистон муяссар шудааст.
Лероунис, ки барои як гурӯҳи имдодӣ дар миёни қавми калаш кор мекард, рӯзи 7 сентябри соли гузашта дар кӯҳистони Читрол рабуда шуд. Гаравгонгирон дар баҳои раҳоии ӯ пул ва аз зиндони Покистон озод кардани се раҳбари Толибони Афғонистонро талаб мекарданд. Аммо Раҳматуллоҳ Вазир гуфт, ҳеҷ яке аз ин талабҳои ҷангиён иҷро нашудааст.
XS
SM
MD
LG