Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Somon Air боз як Boeing дарёфт кардааст


Ширкати хусусии ҳавопаймоии Somon Air тавассути лизинги молӣ аз ширкати чехии Travel Service як ҳавопаймои амрикоии навъи Boeing -737-800 гирифтааст. Дафтари матбуоти Somon Air мегӯяд, ин ҳавопаймои ҷадид 174 ҷойи нишаст дошта, сохти соли 2008 аст ва ҳайъати халабонҳояш низ аз Ҷумҳурии Чеханд.
Somon Air нахустин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон буда, мехоҳад то 2 соли дигар паркашро бо 4 ҳавопаймои дигари Boeing такмил кунад.
XS
SM
MD
LG