Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев ба ҷануби Қирғизистон фирор кардааст


Мухолифини сиёсии Қирғизистон мегӯянд, назорати давлатро ба дасти худ гирифта, парлумонро мунҳал кардаанд. Раҳбари мухолифин Роза Отунбоева гуфт, ӯ феълан раҳбарии ҳукумати муваққати давраи гузорро бар дӯш дорад ва ҳамоҳангсозии кори маъмурияти муваққати кишварро то 6 моҳи дигар, то замони таҳияи Қонуни асосии ҷадид анҷом хоҳад дод.
Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар пайи задухӯрдҳои хунини рӯзи чоршанбе миёни тазоҳургарон ва нирӯҳои амниятӣ, ки дастикам 65 кушта ба ҷо гузошт, пойтахт, шаҳри Бишкекро ба қасди ҷануби кишвар тарк гуфтааст.
Отунбоева гуфт, Боқиев талош дорад тарафдоронаш дар ҷануби Қирғизистонро бо ҳадафи дифоъ аз ӯ гирди ҳам биорад.
XS
SM
MD
LG