Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он мавзӯи меҳвари шумораҳои ин ҳафтаи аксари нашрияҳои чопи Душанбе буд.

«Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Бохти навбатии Тоҷикистон» сафари дабири кули СММ–ро аз дидорҳои фаромӯшнашаванда арзёбӣ карда навиштааст, «бовар кунед, Бан Кӣ Мун сафар ба «минтақаи ҳазорон савдо»-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд, зеро дид, ки сарҳо ҳамчунон такон мехӯранду аробаи демократия не».

Аммо ба навиштаи муаллифи ин матлаб, «он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистаанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони «Роғун» мутақоид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеан рост мегӯяд ва нигарони пайомадҳои зистмуҳитии тарҳи «Роғун» аст, чаро минтақа масъули нобудии дарёи Арал ба шумор меояд? Чи гуна 70 дарсади оби дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин системи дарёкаши обёрии заминҳои васеи Узбакистон набуд, ки Аралро ба чуқурӣ табдил дод?».

«Фараж» натиҷаҳои сафари Бан Кӣ Мун ба кишварҳои Осиёи Марказиро «дипломатона» тавсиф карда ва навиштааст «дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид дар ин сафар вазифаи хешро дипломатона анҷом дода ба, қавли худаш, ҳадафи сафар «коҳиш додани шиддати муносибот миёни мамлакатҳои минтақа» буд». Вале нашрия менависад, «сюрпризҳои ғайриинтизори зиёд махсусан дар ду мамлакат – Тоҷикистону Узбакистон мавсуфро дар ҳолати ногувор гузоштанд». Ин аст, ки ба навиштаи нашрия, «дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар ҳасрати баҳри хушкидаи Арал бештар оби чашм кард ё дар мусибати зарардидигони мина, суолест, ки кушода боқӣ монд».

Аммо «Озодагон» ин суолро матраҳ кардааст, ки «Пан Кӣ Мун ҳам гирифтори «сеҳр»-и Каримов шуд?» ва матлабе, ки дар ин замина мунташир кардааст, «Кидала» -и узбакистонӣ» ном гирифтааст. Нашрия натиҷаҳои сафари дабири кулл ба Осиёи Марказӣ, ба вижа Узбакистону Тоҷикистонро хулоса карда ва менависад, «Пан Кӣ Мун дар Тошканд Аралро дида калимаи «такондиҳанда»-ро истифода кард. Дар Душанбе бошад аз дидани мина вожаи «ваҳшат»-ро нӯги забон овард. Аз нигоҳи мантиқӣ «ваҳшат» пурвазнтар аст, яъне агар ба шакли дигар хулоса намоем, пас 0x1 ба нафъи Душанбе нашуда бошад ҳам, ҳадди аққал бояд 1x1 шуда бошад (бе иловаи он ки дабири кулл аз боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар марзҳои Узбакистон изҳори нигаронӣ кард)».

«Озодагон» дар матлаби дигаре «Асрори роҳи пулакӣ. Дар паси пулакӣ шудани роҳи Душанбе –Хуҷанд кӣ меистад?» ин иқдомро асроромез талаққӣ кардааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ин роҳ дар ҳоле пулакӣ шудааст, ки «моддаи 24–и Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон истифодаи ройгон аз роҳҳои кишварро кафолат медиҳад ва дар таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ роҳ дар сурате пулакӣ мешавад, ки дар баробари он роҳи алтернативӣ вуҷуд дошта бошад, то мардум тавонанд аз тариқи он ройгон убур кунанд».

Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф «Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон роҳи Душанбе ба шимоли кишварро ба хотири баргардондани қарзи Чин дар ҳоле пулакӣ эълом кардааст, ки роҳҳои зиёде, монанди роҳи Душанбе–Данғара–Кӯлоб, Душанбе–Шоҳон–Зиғар дар солҳои ахир бо қарзи беруна тармим шудаанд. Интихоби ширкати «Инноветив Роуд Солейшн» ба хотири ҷамъоварии маблағ низ амалӣ тасодуфӣ нест. Дар ҳоле, ки имкон дошт ягон ширкати дохилӣ ва ё ягон ниҳоди давлатии Тоҷикистон ба ҷамъоварии маблағҳо машғул шавад». Ба ин тартиб муаллиф бар ин бардошт аст, ки «аз наҳваи пулакӣ шудани роҳи Душанбе–Хуҷанд ва тарзи ҷамъоварии маблағҳо дар истгоҳҳои ба истилоҳ «пулчинӣ» дар пушти ин иқдом истифодаи кадом як «дасти пурқувват» ва манфиатҳои хусусии ӯро эҳсос мекунонад».

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи «Пайкон» пулакӣ шудани роҳи Душанбе–Хуҷанд» ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони кишвар асароти манфӣ дар пай дорад. Нашрия аз қавли коршиносон менависад «пулакӣ шудани роҳҳо ба афзоиши нархи маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо оварда мерасонад. Ба таври мисол, агар КАМАЗ аз Хуҷанд ба Душанбе бор орад, ба ҳисоби миёна роҳ 200 км бошад, бо пардохти 1,5 сомонӣ барои ҳар километр дар умум 300 сомонӣ харҷи изофӣ дорад. Баҳри он ки аз бори овардааш фоида гирад, маҳсулотро қимматтар мефурӯшад».

Аз сӯи дигар «Вечерний Душанбе» ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе иқдоми ахири давлати Тоҷикистон дар заминаи пулакӣ кардани роҳи Душанбе–Хуҷандро мояи нигаронии густардаи ронандагон арзёбӣ кардааст. Нашрия дар матлаби «Роҳи пулакӣ: Анбӯҳи мошинҳо ва ташвишҳо» менависад, «ронандаро қиммати роҳ ва анбӯҳи зиёди мошинҳо, ки дар гузаргоҳҳо ба вуҷуд меояд қонеъ намекунад». Ҳатто бархе аз ронандаҳо дар сӯҳбат бо муаллифи матлаб изҳор кардаанд, ки «бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ онҳо маҷбур ҳастанд, ки нархи роҳкиро барои мусофиронро баланд кунанд».

Соҳибназарон мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни нави мурофиавии ҷиноиро , ки аз авали моҳи ҷорӣ эътибори қонунӣ пайдо кард, қадаме дар заминаи ислоҳоти қонунии умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон донистаанд. Ҷунайд Ибодов, як тан аз вакилони мудофеъ дар посухи пурсиши «Аз тағйирот дар Кодекси мурофиавии ҷиноӣ чӣ тағйир мекунад?» ба нашрияи «Озодагон» гуфтааст, «ин ба баланд бардоштани мақоми судӣ мусоидат мекунад». Ҳуқуқдони тоҷик Файзиниссо Воҳидова, аз он изҳори таассуф кардааст, ки «ин қонун қариб ки аз қонуни кӯҳнаи давлати Шӯравӣ тафовути ҷиддӣ надорад ва бахше аз он аз қонуни кӯҳнаи Шӯравӣ ва қисмати дигар аз Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии Русия гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки он қонунҳое, ки дар Федератсияи Русия қабул карда шудааст, на ҳама вақт мутобиқ ба шароит ва ҷавобгӯи меъёрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони дигари тоҷик, яке аз тағйиротҳои калидии қонуни нави мурофиавӣ-ҷиноиро дар гузаштани бархе аз салоҳиятҳо аз додситонӣ ба суд медонад. Аммо вай мегуяд, «додани санксия оиди ба ҳабс гирифтан аз мақомоти проктатура ба ихтиёри суд ин маънои онро надорад, ки мо давлати ҳуқуқбунёд буда як қадам ба пеш рафтем. То вақте, ки мақомоти судӣ мувофиқи Конститутсия як шохаи алоҳидаи ҳокимият ва дар асл мустақилона фаъолият накунад, наметавон ба риояти ҳуқуқи башар даст ёфт».
XS
SM
MD
LG