Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико мусофири ҳавопайморо ба зиндон бурданд


Мақомоти амниятии нақлиёти Амрико мегӯянд, ки яке аз мусофирони ҳавопаймои парвози Вошингтон-Денвер ба зиндон андохта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, рафтори вай хатарнок набудааст. Вай ҳангоми парвоз муқарраротро риоят накардааст ва дар ғурфаи дастшӯӣ хостааст, сигорро рӯшан кунад. Чунин рафтори вай шаку тардидҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки вай гӯё талош доштааст бами пойафзолро мунфаҷир созад. Дар ин ҳавопаймо 157 нафар мусофирон парвоз мекарданд. Ҳавопаймо шоми рӯзи чаҳоршанбе бидуни осеб дар Денвер ба замин нишаст. Шубҳаҳо замоне боло гирифт, ки як ҳавопаймои ҷангии F-16-и Амрико дар ҳаво пайдо шуд ва фуруди ҳавопайморо ба Денвер раҳнамоӣ мекард. Мақомоти амниятии нақлиёт мегӯянд, шахси шубҳанок худро дипломати Қатар муаррефӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG