Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳибае бо радиои "Эхо Москви" гуфтааст, аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо надода ва қасди тарки ин мақомро низ надорад. Нашри пайи ҳами таҳаввулоти Қирғизистон.

Боқиев гуфт, раҳбари мунтахаби кишвар аст ва ҳеҷ навъ шикастро намепазирад. Ӯ афзуд, феълан дар ҷануби Қирғизистон аст ва қасди тарки кишварро надорад.

Роза Отунбоева дар мавриди Боқиев


Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки Қурмонбек Боқиев сарфи назар аз тақозои мухолифин истеъфо додан аз мақоми раиёсати ҷумҳурии Қирғизистонро рад кардааст.

Роза Отунбоева гуфтааст, Боқиев дар ҷануби Қирғизистон мустақар шуда ва мехоҳад бо гирди ҳам овардани бархе нерӯҳо аз мавқеъи худ ҳамчунон дифоъ кунад.

Ба гуфтаи хонум Отунбоева, дар ҳоли ҳозир Қурмонбек Боқиев дар задгоҳаш, шаҳри Ҷалолобод ба сар мебарад.

Раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки мухолифон ба таври пешин аз Боқиев тақозо доранд, ки истеъфои худ аз мақоми раёсати ҷумҳуриро эълон кунад.

Раҳимқул Отақулов, сафири Қирғизистон дар Маскав низ ба як хабаргузории Қирғизистон гуфтааст, бо Қурмонбек Боқиев, ки дар ҷануби кишвар ба сар мебарад сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Сафири Қирғизистон гуфтааст, Боқиев қасд надорад аз мақомаш истеъфол диҳад ва дар ҳоли омода кардани матни як муроҷиъат ба мардумаш аст.





Путин: Боқиев иштибоҳи хешутаборбозии Оқоевро такрор кард


Владимир Путин, сарвазири Русия, гуфтааст, Қурмонбек Боқиев иштибоҳҳои Аскар Оқоевро такрор кардааст, ки хешовандон ва ёру дӯстонашро ба мақомҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ таъйин намуда буд.

Владимир Путин ҳамчунин таъкид кардааст, ки Русия дар таҳаввулоти ахири Қирғизистон даст надорад.

Ӯ ҳамзамон аз шеваи раҳбарии Қурмонбек Боқиев интиқод кард ва барканории ҳукумати Қурмонбек Боқиевро ба дасти ҷонибдорони мухолифон барои худ хабари ногаҳонӣ хонд.

Гуфтугӯи телефонии Путин ва Отунбоева

Расонаҳои Маскав аз гуфтугӯи телефонии Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон бо Владимир Путин, сарвазири Русия хабар додаанд.

Роза Отунбаева, вазири пешини корҳои хориҷии Қирғизистон, раҳбари ҳукумати муваққатӣ эълон шуд
Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли сухангӯи сарвазири Русия навиштааст, ки Владимир Путин зимни ин сӯҳбати телефонӣ бо Роза Отунбоева, ваъдаи ҳамкорӣ бо ҳукумати муваққати Қирғизистонро додааст.

Ӯ ҳамзамон хостори ҷилавгирӣ аз идомаи хушунатҳо ва таъмини амнияти сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатии муқими Қирғизистон шудааст.

Роза Отунбоева дар навбати худ гуфтааст, ки ҳукумати муваққат вазъиятро дар саросари кишвар таҳти назорат дорад, вале авзоъ ҳамчунон мушкил боқӣ монда ва Қирғизистон ба кӯмаки иқтисодӣ ниёздманд мебошад.

Владимир Путин гуфтааст, Русия омодаи расонидани кӯмаки башарӣ ба Қирғизистон аст.

Декрети ҳукумати муваққати Қирғизистон

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, Декрети ҳукумати навро эълон кард. Мувофиқи ин Декрет, ваколатҳои ҳокимият то қабули Сарқонуни нав ба дасти ҳукумати муваққатӣ гузаштааст.

Ҳукумати муваққатӣ тамоми ваколатҳои идора кардани Қирғизистонро бар ӯҳда гирифт. Ин ваколатҳоро ҳукумати муваққатӣ то таъсиси ҳукумати нав дар муддати шаш моҳ иҷро хоҳад кард.

Роза Отунбоева гуфт, ки порлумон пароканда ва фаъолияти Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ боздошта шуд. Тибқи декрети ҳукумати муваққатӣ, сохторҳои ҳукуматии собиқа ҳифз мешавад.

Роза Отумбоева гуфт, ҳукумат ба хонаводаи қурбониёни ҳоводиси рӯзи 7 -уми апрел дар Қирғизистон ҷубронӣ молӣ пардохт хоҳад кард.

Вазифаҳо тақсим шуд


Исмоил Исоқов, собиқ вазири дифои Қирғизистон, ки ахиран дар зиндон ба сар мебурд, озод ва дар вазифааш барқарор шудааст
Алмосбек Атамбоев ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ дар масоили иқтисод ва инноватсияҳо таъйин шуд.

Темир Сариев масоили молӣ ва қарзҳоро дар ҳукумати муваққат бар дӯш гирифт.

Омурбек Текебоев дар бахши ислоҳоти Қонуни асосӣ ва платформаи ҷадиди ҳукумат ноиб таъйин гардид ва Азимбек Бекназаров масъалаҳои додситонӣ, додрасӣ ва пулиси молиро таҳти назорат гирифт.

Роза Отунбоева эълон кард, ки раҳбарони ҳамаи ниҳодҳои ҳукумати марказӣ, маҳаллӣ, кормандони сафоратхонаҳои Қирғизистон дар хориҷа ваколатҳои худро то таъсиси ҳукумати нав иҷро хоҳанд кард.

Ба гуфтаи раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, тарифҳои аввалияи барқу хизматҳои коммуналӣ дубора барқарор карда мешаванд. Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки як ҳайати вижа аъмоли раҳбарони собиқи ҳукумат ва фоҷиаҳои рӯзҳои ахирро пажӯҳиш хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Исоқов, вазири дифои пешини Қирғизистон аз зиндон раҳо гардид ва ба мақоми вазири дифоъ таъйин гардид.

Болот Шерниёзов мақоми вазири дохила ва Кенешбек Дуйшебоев раиси кумитаи амнияти Қирғизистон таъйин шуд.

Роза Отунбоева гуфт, ин ҳукумат то таъсиси ҳукумати нав ваколатҳои худро иҷро мекунад ва дар кишвар вазъиятро ба эътидол меоварад.

Қуббат Отарбоев раиси ширкати садову симо таъйин шудааст.

Отунбаева раҳбарии ҳукумати муваққатиро бар ӯҳда гирифт


Роза Отунбаева, вазири пешини корҳои хориҷии Қирғизистон, баъд аз фирори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев раҳбарии ҳукумати муваққатӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

Хонум Отунбоева, ки дар ҳукумати Боқиев муддате вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон буд, дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ эълон кардааст. Вай гуфтааст, иттиҳоди мухолифин ба нақша гирифтааст, ки як ҳукумати муваққатӣ барои 6 моҳ ташкил диҳанд, то дар кишвар тарҳи Сарқонуни нав таҳия шавад.

Бино ба гузоришҳо, мухолифин давоми рӯзи чоршанбе ниҳодҳои амниятии кишвар, шабакаи телевизиони давлатӣ ва дигар биноҳои давлативу ҳукуматиро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Ҳини задухӯрдҳои дирӯза миёни эътирозгарони мухолифин ва неруҳои амниятӣ дастикам 40 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.


Намояндагони мухолифин мегӯянд, ки раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев Бишкекро тарк карда, ба шаҳри Ӯш рафтааст. Вале баъзеҳои дигар мегӯянд, ки президенти фирорӣ кишварро тарк карда, дар Қазоқистон ба сар мебарад.

Вокуниши Вошингтон

Амрико аз даргириҳои сиёсӣ дар Қирғизистон изҳори таассуф намуда, ҳукумат ва мухолифинро ба худдорӣ ва муколама даъват кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Пи Ҷей Кровлӣ гуфт, Амрико вазъи Қирғизистонро бо диққат пайгирӣ мекунад. Вай афзуд, намояндагони ИМА бо мақомот ва раҳбарони ҷомеаи Қирғизистон дар тамос шуда, онҳоро ба оромӣ даъват кардаанд.

Ҷаноби Кровлӣ гуфт, фурӯдгоҳи Манас, ки нуқтаи калидии транзити муҳимот ба нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон мебошад, ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад. Вай инчунин хабар дод, ки сафорати Амрико дар Бишкек баста нашудааст.

Максим Боқиев, писари президенти Қирғизистон, ахиран раиси Оҷонси рушд ва сармоягузории ин кишвар таъин шуда буд
Таваққуфи мулоқоти расмии Максим Боқиев


Бино ба иттилои сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА, ҳайати расмии Қирғизистон, бо шумули вазири корҳои хориҷӣ ва раиси оҷонси рушд ва сармоягузории Қирғизистон Максим Боқиев - писари президент Боқиев, барои ширкат дар муколамаи сатҳи олӣ дар Вошингтон ба сар мебаранд.

Ин нишаст қабл аз ҳодисаҳои Бишкек тарҳрезӣ шуда буд. Гуфтушунидҳои ҳайати Қирғизистон бо намояндагони ҳукумати Амрико мебоист дирӯз шуруъ мешуд, аммо тавре ки оқои Кровлӣ хабар дод, музокиротро ба рӯзи 8 апрел мавқуф гузоштаанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG