Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи молии Толибон бояд баста шавад


Як мақоми расмии вазорати молияи Амрико мегӯяд, кормандони бештари худро ба Афғонистон мефиристад, то шабакаҳоеро, ки таъминоти молии ҷунбиши Толибонро фароҳам меоранд, бибанданд. Дэвид Коҳен-ёвари вазири молияи Амрико дар умури терроризм ва кашфи молӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамоише дар Вошингтон гуфт, Толибон ҳамчунон шабакаҳоеро дар ихтиёр доранд, ки метавонанд афродро сафарбар кунанд, тамринҳо доир кунанд, ба аҳолии маҳалӣ ва ба нируҳои зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон муқовемат нишон диҳанд.
XS
SM
MD
LG