Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон ба Афғонистон ниру мефиристад


Моҳи ҷорӣ Гурҷистон 750 нафар низомиёни худро дар Афғонистон мустақар мекунад. Вазири дифои Гурҷистон дар эъломияе гуфтааст, сарбозони кишвараш дар таркиби нируҳои дарёии Амрико дар вилояти Ҳилманди Афғонистон хидмат хоҳанд кард. Дар эъломияи мазкур омадааст, 25 нафар низомиёни Гурҷистон 29-ӯми март ба Афғонистон фиристода шудаанд. Нируҳои боқимонда дар се гурӯҳ дар миёнаи моҳи апрел ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Гурҷистон дар Ироқ низ 2000 нафар низомиёни худро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG