Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай таҳдиди пайвастан ба Толибонро рад кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон инкор кард, ки вай дар бораи пайвастанаш ба ҷунбиши Толибон таҳдиде накардааст. Қаблан хабаргузориҳо навишта буданд, ки Карзай гуфтааст, агар қудратҳои ғарбӣ ба вай фишор оранд, вай ба шӯришиёни Толиб хоҳад пайваст. Аммо Ваҳид Умар-сухангӯи Ҳомид Карзай гуфт, ҳукумати оқои Карзай дар тааҷҷуб мондааст, вақте, ки чунин тафсирҳоро дар матбуот дидааст ва намедонад чунин суханон аз куҷо сарчашма мегиранд. Иддао мешавад, ки оқои Карзай ин суханонро рӯзи шанбе дар мулоқоте бо баъзе намояндагони порламони Афғонистон баён доштааст.
XS
SM
MD
LG