Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод


Темур Сариев-яке раҳбарони мухолифони давлати Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати ин кишвар истеъфо додааст ва Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур кишварро тарк кардааст. Сариев ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати нав ташкил шудааст ва раҳбарии онро хонум Роза Отунбоева-вазири корҳои хориҷаи пешин бар ӯҳда дорад. Аммо Филип Кровлӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Амрико иттилое дар даст надорад, ки далели тасарруфи ҳукумат аз тарафи нируҳои мухолифон бошад. Баъд аз як рӯзи тазоҳуроти густарда ва эътирозҳо вазорати беҳдошти Қирғизистон таъйид кардааст, ки дар нооромиҳо дастикам 40 нафар кушта шудаанд ва ҳудуди 400 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG