Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти тозаи ҳаводиси Қирғизистон


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал имрӯз гуфт, аз талафоти ҷонӣ дар Қирғизистон ваҳшатзада шудааст. Бан Кӣ Мун, ки чанде пеш аз Осиёи Марказӣ баргашт, тарафҳоро ба оромӣ ва муколама даъват намуда, хост, то аз идомаи хунрезӣ парҳез кунанд. Катрин Эштон, раҳбари идораи умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, низ бо ибрози нигаронӣ аз хушунатҳо тарафҳоро ба хештандорӣ даъват намуд. Пештар аз ин мухолифини Қирғизистон аз ҳукумати раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев хостанд, то аз мақомаш истеъфо диҳанд ва эълом карданд, ки ҳукумати муваққатӣ таъсис медиҳанд. Мақомоти беҳдоштии Қирғизистон гуфтанд, ки дар нооромиҳо, 17 нафар кушта ва 180 тани дигар маҷрӯҳ шудааст. Аммо Омурбек Текебоев, аз пешвоёни мухолифин аз тариқи телевизиони ин кишвар гуфт, ҳудуди 100 нафар дар бетартибиҳо ҳалок шудаанд. Баъди ба хушунат печидани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев, дар шаҳри Бишкек, Талас, Нарин ва минтақаи Чуйск вазъи фавқуллода эълом кард.
XS
SM
MD
LG