Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Кӣ Мун аз хунрезӣ дар Бишкек "ваҳшатзада" шудааст


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал имрӯз гуфт, аз талафоти ҷонӣ дар Қирғизистон ваҳшатзада шудааст. Бар асари бархӯрди тазоҳургарони ҳукуматӣ бо нерӯҳои пулис дар Қирғизистон 17 нафар кушта ва тақрибан 180 нафари дигар захмӣ шудааст. Бан Кӣ Мун, ки чанде пеш аз Осиёи Марказӣ баргашт, ба муколама ва оромӣ даъват кард, то дар Қирғизистон аз идомаи хунрезӣ ҷилавгирӣ шавад. Катрин Эштон, раҳбари идораи умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, низ аз хушунатҳо дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кард. Айни замон тазоҳургарони мухолифин бинои порлумонро тассаруф кардаанд ва алангаҳои оташ аз бинои додситонӣ ба чашм мерасанд. Ин тазоҳургарон, хоҳони истеъфои Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳастанд. Баъди ба хушунат печидани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев, дар шаҳри Бишкек, Талас, Нарин ва минтақаи Чуйск вазъи фавқуллода эълом кард. Ҳукумати Тоҷикистон то кунун ба ин ҳаводис дар кишвари ҳамсояааш вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG