Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нави даъват ба хизмати ҳарбиро, ки аз сӯи Ҳизби комунист пешниҳод шудааст, баррасӣ кард.

Ин тарҳ коҳиши теъдоди аскарон дар артиши кишварро дар назар дорад.

Шодӣ Шабдолов, узви парлумони кишвар, мегӯяд, Тоҷикистон артиши бузурге надорад, ки ҳамаи ҷавонони синнашон мувофиқ ба даъватро ба хизмати аскарӣ фаро бигирад. Вай меафзояд, бо дар назардошти шикоятҳои мардум, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ин лоиҳаи қонунро ба парлумон пешниҳод кунанд.

Ба гуфти Шодӣ Шабдолов, тибқи пешниҳоди онҳо, донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои олии кишвар, ки бо сабабҳои мухталиф таҳсилашонро муваққатан қатъ мекарданд ва дар ин давра ба хизмат даъват мешуданд, бояд то хатми пурраи таҳсил аз хизмати ҳарбӣ озод шаванд.

Аммо дар тарҳи нав пешниҳодҳои дигар, аз ҷумла ба роҳ мондани хизматӣ алтернативӣ ё ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ низ сухан меравад.

Тарҳи нави қонун қарор аст баъд аз баррасӣ дар шӯрои Маҷлиси Намояндагон барои муҳокима ба Маҷлисӣ Миллӣ фиристода шавад ва дар сурати қабул шудан барои имзо ба призидент пешниҳод шавад.

Ин хабар ҷавононеро, ки синнашон ба даъвати ҳарбӣ расидааст, бетараф намонда, ба яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси онҳо табдил ёфтааст.

Зулайхо ҷавони 22-сола мегӯяд, ӯ тарафдори он аст, ки хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки ҷавонони дорои имкони хуби молиявӣ ва нафароне, ки таъминкунандаҳои аслии хонаводаҳояшон маҳсуб меёбанд, бо додани маблағи муайян аз хизмат озод шаванд ва ин маблағ барои беҳбуд ёфтани артиши миллӣ ва вазъи сарбозони тоҷик сарф гардад.

Бархеи дигар бар ин назаранд, ки мӯҳлати хизмати ҳарбӣ бояд аз ду ба як сол кутоҳ карда шавад. Аммо Саидбурҳон мегӯяд, хуб мешавад, агар ҳукумат ба ҷавононе, ки ду сол хизмат мекунанд, барои рушди минбаъдаи онҳо имтиёз бидиҳад. Шомил шудан ба донишгоҳ тавассути квотаи президентӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва дигар кӯмакҳо баъд аз анҷоми хизмат, ҷавононро ба хизмати аксарӣ ҳавасманд хоҳад кард, меафзояд Саидбурҳон.

Гурӯҳи дигари ҷавонон бар он назаранд, ки адои хизмати ҳарбӣ қарзи ҳар як ҷавонмард аст ва бояд онҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар омода ва таҷрибаи кофӣ дошта бошанд. Аммо ба андешаи ҳамсӯҳбатони мо, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд одилона сурат бигирад ва барои ҳама яксон амалӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG