Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Путин дар маросими ёдбуди қурбониёни Катин


Владимир Путин, нахуствазири Русия ва ҳамтои лаҳистонии ӯ Доналд Туск имрӯз дар маросими бесобиқаи муштараки 70-умин солгарди гиромидошти қурбониёни Катин дар Русия ширкат карданд. Нерӯҳои шӯравии собиқ дар ин рустои вилояти Смоленск, бо фармони Иосиф Сталин 22 ҳазор лаҳистониро қатл карданд. Владимир Путин зимни суханронӣ дар ин маросим, аз мардуми Лаҳистон, маъзарат нахост ва гуфт, “тағйир додани иттифоқоти гузашта дар дасти мо нест, аммо русҳо ва лаҳистониҳо мисли бародар бо бародар қурбонии тоталитаризм шуданд. Вай афзуд: "Даҳсолаҳо бо дурӯғҳои худхоҳона, ҳақиқати куштори Катинро пинҳон медоштанд. Ва ҳамингуна дурӯғ мебуд, агар бо сохтакорӣ, ин гуноҳро ба дӯши мардуми Русия андозанд. Таърихе, ки бо хашму нафрат навишта шудааст, ҳамингуна дурӯғ ва дасткоришуда мисли таърихест, ки ба нафъи афроди мушаххас ва ё гурӯҳи мушаххаси сиёсӣ навишта шудааст." Баъзеҳо дар Лаҳистон умедвор буданд, ки Путин барои ин кори Русия расман бахшиш хоҳад хост. Иттиҳоди Шӯравии собиқ тайи 50 сол куштори Катинро кори дасти Олмони фашистӣ мехонд ва танҳо дар замони Борис Елтсин ҳақиқати ҳолро эътироф кард.
XS
SM
MD
LG