Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Ҳомид Карзай


Қасри Сафед мегӯяд, агар президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай пахши изҳоротҳо бо лаҳни нигаронкунандаро ҳамчунон идома диҳад, Вашингтон имкони лағви сафари пешбинишудаи ӯ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди арзёбӣ қарор хоҳад дод.

Ҳомид Карзай дар давоми чанд рӯзи гузашта борҳо аз кишварҳои Ғарб интиқод намуда, ҳатто таъкид кард, ки агар кишварҳои ғарбӣ фишор болои ӯро хотима набахшанд, раисҷумҳури Афғонистон ба Толибон ҳамроҳ хоҳад шуд.

Рӯзҳои ахир президенти Афғонистон бо баёнияҳои хушунатомезаш дар нисбати муттафиқони ғарбӣ ва ба хусус ИМА бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст.

Аз ин рӯ, маъмурияти президенти ИМА - Барак Обама ҳушдор дод, ки агар чунин паёмҳои раҳбари афғон хотима наёбанд, эҳтимол сафари Ҳомид Карзай ба Вашингтонро, ки бояд 12 май доир шавад, лағв хоҳад кард.

Дар ин бора рӯзи сешанбеи шашуми апрел Роберт Гибс сухангӯи қасри Сафед гуфт: "Мо ҳатман арзёбӣ хоҳем кард, ки агар чунин паёмҳо идома ёбанд, то кадом ҳудуд мулоқот бо ӯ созанда хоҳад буд".

Ҳафтаи гузашта Карзай мамолики ғарбиро масъули тақаллуб дар интихоботи президентии соли гузашта номид.

Президенти Афғонистон ҳатто таъкид кард, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор болои ӯро хотима набахшад, ӯ бо Толибон, ки бар зидди эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА меҷанганд, ҳамроҳ хоҳад шуд.

Сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд, дар мубориза бо фасод Карзай бояд эътироф кунад, ки дар дароз-муддат ҳукуматдории хуб ба монанди иҷрооти низомӣ муҳим аст.

Ӯ гуфт: "Мо дар он ҷо ба хотири ҳифзи назму суботи кишварамон ҳузур дорем. Мо мефаҳмем ва мо бар ин назар ҳастем, ки президент Карзай бояд дарк намояд, ки назму суботи кишвараш танҳо бо решакансозии таҳдиди ифротгароҳо дар манотиқи мушаххас ва сипас танзими ҳукуматдории хуб ташкил нахоҳад шуд".

Ҳушдори дигар аз қароргоҳи паймони НАТО пахш шуд, ки тибқи он президент Карзай пуштибонии мардумӣ аз амалиёти НАТО дар Афғонистонро аз зер хароб мекунад.

Дар Брусел сухангӯи НАТО Ҷеймс Аппасурай гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва паймони НАТО ба хотири ҳифзи мардуми афғон аз таҳдидҳои даҳшафтафканон кӯшишу сарсупурдагии зиёд кардаанд ва НАТО умед дорад, ки мардуми афғон ва аз ҷумла дар сатҳи олӣ ин талошҳоро қадрдонӣ хоҳанд кард.

Рӯзи сешанбе собиқ муовини раиси идораи СММ дар Афғонистон Питер Галбрайс дар ҷараёни як сӯҳбат тариқи телевизиони ИМА гуфт, ки "суботи равонӣ"-и президенти Афғонистон боиси нигаронии дипломатҳои мустақар дар Кобул будааст. Галбрайс баъди иттиҳоми мақомоти афғон бо тақаллуб дар интихоботи президентӣ аз вазифааш маҳрум шуд.

Шореҳон хотирнишон мекунанд, ки 28 март ҳамагӣ як соат пеш аз вуруди президенти ИМА Барак Оабама ба Кобул ба президент Карзай хабар доданд, ки раҳбари ИМА озими Афғонистон аст. Ба қавли шореҳон бар пояи меъёрҳои афғонӣ чунин огаҳии кӯтоҳ дар арафаи сафар омили нороҳаткунанда мебошад.

Аслан Карзай бо эҳсоси нозук дар масъалаҳои марбут бо истиқлоли кишвараш маъруф аст. Ба гуфти Карзай мардум бояд бубинад, ки ҳукумат аз фишори хориҷиён озод аст.

Раҳбари афғон ин суханронро дар нишасти раҳбарони қабилаҳои афғонӣ бори дигар такрор намуда афзуд, афғонҳо бояд нишон диҳанд, ки соҳибистиқлоланду ба арзишҳои худ эҳтиром мегузоранд.
XS
SM
MD
LG