Пайвандҳои дастрасӣ

Маъруфияти таронаи "Роғун"


Фарҳоди Милод, муаллифи "Роғун", мегӯяд, ҳадафи ин тарона иттиҳоди мардум ба хотири тарҳи сарнавиштсози нерӯгоҳи Роғун аст

Фарҳоди Милод, муаллифи "Роғун", мегӯяд, ҳадафи ин тарона иттиҳоди мардум ба хотири тарҳи сарнавиштсози нерӯгоҳи Роғун аст

Суруди нави муштараки сарояндагони маъруф Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Баҳром Ғафурӣ таҳти унвони «Роғун» мавриди истиқболи мардум қарор гирифтааст.

Фарҳоди Милод, муаллифи тарона ва оҳанги «Роғун», дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» ин сурудро яке аз беҳтарин оҳангҳо унвон кард. Вай мегӯяд, ҳадафи ин суруд иттиҳоди мардуми Тоҷикистон ба хотири тарҳи сарнавиштсози нерӯгоҳи Роғун аст.

Фарҳод гуфт, «дар суруди «Роғун» ман бештар рӯи он тамаркуз кардам, ки дар баробари он иттилое, ки мардум тариқи дигар манбаъҳо мегиранд, ҳамчун як воситаи дилгармкунанд бошад. Ва интихоби маҳз се ситораи имрӯзи Тоҷикистон, Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ ба он хотир буд, ки ин суруд зебо сароида шавад. Ва ин сарояндаҳо ҳамонгуна хонданд, ки ман мехостам».

Шуғлии аслии Фарҳоди Милод рӯзноманигорист, аммо аз даврони донишҷӯӣ майл ба оҳангу таронахонӣ доштааст. Фарҳод мегӯяд, ӯро ба саҳнаи мусиқӣ соли 2002 Баҳром Ғафурӣ овардааст ва аввалин оҳангаш - «Атри гирёни ғурубам» ном дошт.

Натиҷаи ҳамкориҳои ӯ бо Баҳром бастани оҳанг ба сурудҳои «Муҳоҷирбача», «Шаробӣ», «Таронаи шаб», «Нозанин» ва «Бало» буд, ки дар байни мухлисони Баҳром маҳбубият касб кардаанд.

Фарҳоди Милод меафзояд, рӯзноманигорӣ ва оҳангсозӣ арсаи эҷод ҳастанд ва агар яке касби аслии ӯст, дигарӣ пур кардани як холигоҳе дар зиндагиаш, ё ба истилоҳ, хоббӣ аст. Фарҳод мегӯяд, мавзӯъҳои сиёсиро хуш дорад ва дар мусиқӣ низ баъзе мавзӯҳои сиёсиро он гуна пешкаш кунад, ки тариқи рӯзноманигорӣ имкон надорад.

Ба назари Фарҳод «мусиқии беҳтарини тоҷикӣ ҳамонест, ки тамоми унсурҳои мусиқии кишварро дар худ ҷамъ мекунад. Суруди «Муҳоҷирбача», ки дар миёни мардум маҳбубият дорад, ҳамин гуна суруд аст. Ба фикри ман, яке аз дигар сабабҳои маъруфият касб кардани ин тарона он буд, ки инсонҳо мебинанд, ки худи мавзӯъ бисёр доғ ва муҳим аст ва дар он ҷо дарди мардуми Тоҷикистон инъикос ёфтааст".

Дар баробари Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин Фарҳод ба Файзалӣ Фозилов, Пенҷӣ Анаев, Баҳриддини Зоҳид, Яъқуби Рӯзӣ, Низоми Қутбиддин, Диловари Саидзод ва боз чандини овозхонони дигар оҳанг баставу тарона навиштааст.

Фарҳод мегӯяд, барои суруди хуб садои овозхон хеле муҳим аст. Ва дар сурате, ки оҳанг бо садо тавъам оянд, тарона хам хуб меояд. Фарҳод афзуд, «тарона навиштан кори басо мушкил аст ва дар ин самт онҳое муваффақ мешаванд, ки дар мавриди мусиқӣ тасаввур доранд ва ба мусиқӣ ворид шуда метавонанд. Дар суруд овози зебо доштан бисёр муҳим аст, ба мисли овози Шабнам. Ва ҳамчунин ҳар як овозхон дар садои худ зебоие дорад, ки бояд мувофиқи он шеър навишта шавад. Ва ин нукта низ ниҳоят муҳим аст, ки дар шеър ҳамсадову садонок дар куҷо гузошта мешавад. Ҳар таронае, ки хеле зебо эҷод мешавад, ба он хотир аст, ки садои овозхон, шеъри шоир, таронаи навишташуда ва танзим ба ҳам мувофиқат мекунанд».

Фарҳод бар ин бовар аст, ки агар суруд ба хотири пул сохта шавад, ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад ва агар шавад, танҳо кӯчабозорӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, лаҳзаи зудгузари илҳом, ки тавлиди оҳанги ҷадидро дар пай дорад, барои ҳама аз Худо дода шудааст, аммо на ҳар кас онро метавонад ба суруд табдил диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG