Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон 180 нафар маҷрӯҳ шудаанд


Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки дар бархӯрди тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ ва нерӯҳои пулис дасти кам 180 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аммо маълум нест, ки чанд нафар аз инҳо маъмурони пулис ва ё тазоҳургар ҳастанд. Ва рӯшан ҳам нест, ки омори мазкур танҳо аз шифохонаҳои шаҳри Бишкек аст ва ё дигар манотиқро ҳам фаро мегирад. Аксбардори хабаргузории Ройтерс, ҳалокати панҷ нафарро таъйид карда ва гуфтааст, ки ҷасади онҳо дар майдони марказии назди қароргоҳи раиси ҷумҳур мехобиданд. Баъди тасарруфи қароргоҳи телевизиони давлатии Қирғизистон, аз сӯи тазоҳургарони хашмгини зиддиҳукуматӣ имрӯз пахши тамоми барномаҳои телевизиони кишвар муттавақиф шуд. Баъди ба хушунат печидани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Бишкек ва ҳалокати панҷ нафар дар тирандозиҳо, Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳур дар ин шаҳр вазъи фавқуллода эълом кард.
XS
SM
MD
LG