Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими бесобиқаи ёдбуди қурбониёни Катин


Владимир Путин, нахуствазири Русия ва ҳамтои лаҳистонии ӯ Доналд Туск имрӯз дар маросими гиромидошти қурбониёни Катин дар Русия ширкат карданд, ки то кунун собиқа надоштааст. Дар ин рустои шаҳре дар ғарби Русия, нерӯҳои шӯравии собиқ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум 22 ҳазор лаҳистониро қатл карданд. Владимир Путин ва Доналд Туск дар ин маҳал, хишти нахустини калисои нави масеҳиёни ортодокси Русияро гузошта ва гӯри қурбониёни репрессияи Сталинро зиёрат карданд. Иттиҳоди Шӯравии собиқ тайи 50 сол мегуфт, ки лаҳистониҳоро нерӯҳои Олмони фашистӣ куштаанд ва танҳо соли 1990 эътироф намуд, ки ин кори дасти маъмурони амниятии шӯравии собиқ будааст.
XS
SM
MD
LG