Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва Доналд Туск, ҳамтои лаҳистонии ӯ имрӯз дар маросими 70-умин солгарди куштори дастаҷамъии ҳазорон афсари лаҳистонӣ ба дастури Сталин дар Катин ширкат карданд.

Бори аввал аст, ки раҳбарони ду кишвар ҳамроҳ дар чунин маросим ширкат меварзанд. То як даҳаи пеш, Русия ин куштори бераҳмонаи лаҳистониҳоро рад мекард ва мегуфт, ки он кори дасти фашистҳои Олмон будааст.

Ҳафтод сол пештар, маъмурони амниятии шӯравии собиқ дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҷангалзорҳои рустои Катин, дар ғарби Русия 20 ҳазор афсар, маъмурони пулис ва зиёиёни лаҳистониро бо амри Иосиф Сталин нобуд карданд. Ин ҳодиса, то кунун як саҳифаи тираву торе дар муносиботи Русияву Лаҳистон боқӣ мемонад.

Иттиҳоди Шӯравӣ тайи 50 сол қатли афсарони лаҳистониро кори дасти Олмони фашистӣ хонда ва далелҳои таърихиро низ пинҳон мекард. Ҳукуматҳои дастнигари Лаҳистон низ ҳамин насиҳатро гӯш медоданд.

Андрей Скапскӣ, ки падарашро дар Катин куштаанд, мегӯяд, ба хонаводаҳои қурбониён, дар Лаҳистони онвақта, мисли махав муносибат мекарданд.

Ӯ мегӯяд: “Модарон, як насли модарон, аз ҳаққи ҳастӣ маҳрум буданд. Онҳо кор намеёфтанд, ва агар меёфтанду, ягон кас маълум мекард, ки онҳо беваҳои афсарони қурбонии Катин ҳастанд, аз кор ронда мешуданд. Ҷавонон, писарону духтарон, аз ҳаққи таҳсили олӣ маҳрум буданд”.

Баъди онки соли 1989 коммунизм дар Лаҳистон ва Аврупои Шарқӣ суқут кард, Маскав таҳти фишор қарор гирифт, то ҳақиқати ҳолро эътироф намояд.

Як сол баъд, Михайил Горбачёв, раҳбари шӯравии собиқ, эътироф кард, ки дар ҳақиқат афсарони лаҳистониро маъмурони НКВД, яъне КГБ-и пешина куштанд. Наталия Лебедева, таърихшиноси Русия мегӯяд, доғи сиёҳи Катин ба осонӣ аз муносиботи Русияву Лаҳистон шуста нахоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: “Ин яке аз монеаҳои на танҳо беҳбуди равобит миёни ҳукуматҳо, балки миёни мардумони ду кишвар мебошад. Медонед, бо пинҳон доштани ҳақиқат ва ҳамдард набудан бо онҳо мо лаҳистониҳоро ниҳоят озурда мекунем. Ҳамон вақт, ки лаҳистониҳо эҳсос кунанд, мо бо онҳо ҳамдардем ва мехоҳем ҳақиқатро бидонем, ҳамон вақт бо қаноатмандии зиёд аз ин амр истиқбол хоҳанд кард”.

Соли 1990 Борис Елтсин, раиси ҷумҳури Русия, дастурҳои сирриро ба мақомоти Лаҳистон супурд, аз ҷумла дастури Лаврентий Берия, раҳбари НКВД аз рӯзи 5 марти соли 1940, ки Сталин барои қатли афсарони лаҳистонӣ имзо карда буд.

Бо вуҷуди ваъдаи ҳукумати Русия барои таслими тамоми санадҳои махфӣ дар мавриди Катун, то ҳол ин ваъда иҷроношуда боқӣ мондааст.

Мақомоти Русия соли 2005 таҳқиқи даҳсолаи куштори Катинро хотима дода гуфт, ки танҳо қатли 2000 афсарро собит намудааст ва куштори дастаҷамъиро наметавон наслкушӣ хонд.

Ва бо он ки тамоми афроди гунаҳкор дар қазия зинда нестанд, ҳоҷат ба идомаи таҳқиқ нест. Додгоҳи Русия ҳам бисёре аз санадҳои он замонро махфӣ хонда ва иҷозаи нашри онҳоро надодааст, ки ин намегузорад, хешовандони қурбониёни Катун, нишонаи азизони гузаштаи худро ёбанд.

Бо вуҷуди махфӣ нигаҳ доштани ҷузъиёти фоҷиаи Катин, зоҳиран ҷомеаи Русия мойил ба гуфтӯгуи ошкор доир ба он куштори дастаҷамъист. Моҳи гузашта созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал”-и Русия аз Дмитрий Медведев, хост, таҳқиқи қазияи Катинро аз сар бигирад ва онро “ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” хонд. Рӯзи дуввуми апрел, филми “Катин”, офаридаи Андзей Вайда, ки падараш ҳам қурбонии он фоҷиа будааст, дар Русия намоиш дода шуд.

Ҳоло даъвати Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон ба маросими ёдоварӣ аз қурбониёни Катинро, нишонае аз тағйири тамоюл дар Русия ва ҳамчунин саъйи ин кишвар барои беҳбуди муносиботаш бо Лаҳистон хондаанд.

Доналд Туск, ҳам ин даъватро як гоми муҳиме дар роҳи беҳбуди равобити ду кишвар номидааст. Аммо давъат нашудани Лех Катсинзкий, раиси ҷумҳури Лаҳистон ба ин маросимро ҷазое ба ӯ хондаанд, ки Русияро башиддат танқид мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG