Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои ду мақоми интихоботии Афғонистон


Ду мақоми баландпояи интихоботии Афғонистон, ки ба таққалубкорӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта муттаҳам мешуданд, аз мақоми худ истеъфо додаанд, зеро Ҳомиди Карзай иддаъо кард, ки сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ба онҳо таҳдид намуда ва ришва додаанд. Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, Ҳомиди Карзай имрӯз истеъфои Азизуллоҳ Лудин, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботӣ ва Довуд Алӣ Наҷафӣ, раиси дастгоҳи ин кумиссиниёнро пазируфтааст. Як ҳафта пеш Ҳомиди Карзай мақомоти кишварҳои ғарбӣ ва сафоратхонаҳои онҳо дар Кобулро бо он муттаҳам кард, ки ба хотири заъиф намудани ҳукумати ӯ, натиҷаҳои интихоботро дасткорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG