Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунрезӣ дар тазоҳуроти шаҳри Бишкек


Бар асари бархӯрди тазоҳургарон ва маъмурони пулис дар назди қароргоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон дар шаҳри Бишкек панҷ нафар кушта шудаанд. Аксбардори хабаргузории "Ройтерс", бо таъйиди гузоришҳо доир ба ҳалокати панҷ нафар гуфтааст, ки шоҳиди панҷ ҷасаде шудааст, ки дар майдони марказии назди қароргоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон мехобиданд. Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс”, аз ҳалокати чаҳор нафар гузориш додааст. Шифохонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки шаш нафар афроди тирхӯрдаро барои табобат қабул кардаанд. Бино ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Бишкек, аз маҳалли тазоҳурот, тирандозӣ замоне шурӯъ шудааст, ки тазоҳургарон бо иҳотаи қароргоҳи раиси ҷумҳур хостаанд, аз миёни нерӯҳои пулис ва сарбозон ба қароргоҳ ворид шаванд. Ин тазоҳургарон истеъфои Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистонро талаб доранд. Пештар аз ин бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, тазоҳургарон ба самти пулис сангандозӣ кардаанд, ки барои пароканда кардани онҳо аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода мебурданд. Айни замон, додситонҳои Қирғизистон, чанде аз пешвоёни мухолифинро ба “ҷиноятҳои ҷиддӣ” муттаҳам карданд. Дар миёни онҳо, Алмосбек Отамбоев, раиси Ҳизби Сотсиал Демократ, Омурбек Текебоев, раиси ҳизби Ота Макон ҳам будаанд. Ҷойи будубоши Роза Отунбоева, ки дар озодист, маълум нест ва сухангӯяш гуфтааст, ки Роза Отунбоева аз тарси боздошт, пинҳон шудааст. Дар шаҳри шимолуғарбии Таласи Қирғизистон, тазоҳургарони мухолифин шаби гузашта дигарбора қароргоҳи ҳукумати маҳаллиро ишғол намуда ва аз Қурмонбек Боқиев хостаанд, истеъфо диҳад. Маъмурони амниятӣ рӯзи сешанбе ин тазоҳургаронро бо истифода бо гази ашковар ва тирҳои резинӣ онҳоро пароканда карданд. Ҳамчунин доир ба таҷаммӯъи тазоҳургарон дар шаҳри Ӯш ва Токмок ва маркази маъмурии вилояти Нарин ҳам гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG