Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Бан Кӣ Мун барои иҷрои орзуи инсоният


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон хост, ба Қазоқистон пайравӣ намуда ва “орзуву омоли ҷаҳони орӣ аз таслиҳоти атомиро” амалӣ созанд. Дар поёни боздидаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Бан Кӣ Мун аз Семипалатинс маҳалли озмоишҳои атомии шӯравии собиқ дидан кард. Ӯ доир ба озмоиши 450 бомби атомӣ ва ҳидрогенӣ дар ин озмоишгоҳ сӯҳбат кард, ки ба қавли Бан Кӣ Мун, “таъсири ваҳшатнок ба мардум ва табиат доштааст.” Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия хост, бо имзои паймони нави коҳиши силоҳҳои атомӣ дар рӯзи панҷшанбе, “ба марҳилаи воқеъан тозае” оғоз бахшанд.
XS
SM
MD
LG