Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фурӯши фиттаҳои "Наша Раша" дар Тоҷикистон


Фурӯши фиттаҳои барномаҳои “Наша Раша”-и телевизиюни ТНТ-и Русия дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Акбар Шарипов, масъули корхонаи давлатии “Тоҷиккино”, гуфтааст, силсилаи барнома ва филмҳои марбут ба “Наша Раша” муҳоҷирони меҳнатиро таҳқир ва ба имиҷи мардуми тоҷик латма ворид мекунад. Барномаи “Наша Раша”, ки тавассути яке аз шабакаҳои умумримиллии Русия пахш мешавад ва дар он зиндагии ду муҳоҷири кории тоҷик мавриди истеҳзо ва масхара қарор мегирад, дар Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба бор овардааст. Қаблан созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” бо таъкид ба он, ки дар барномаҳои “Наша Раша” мардикорони тоҷик таҳқир мешаванд, эълон кард, ки дастандаркорони ин барномаро ба додгоҳ мекашад.
XS
SM
MD
LG