Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: 35 рӯзноманигор дар Эрон зиндонианд


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон мегӯяд, дасткам 35 рӯзноманигор дар Эрон дар зиндон ба сар мебаранд. Бино ба гузориши ин кумита, бисёре аз рӯзноманигорони зиндонӣ зери фишори равонӣ ва шиканҷаи ҷисмонӣ қарор доранд. Чунин фишору шиканҷа ба рӯзноманигорон ба хортири он аст, ки онҳро ҷинояти содирнакардаро эътироф кунанд. Дар миёни чунин ҷиноятҳои сохта ҳатто куштор низ ҳаст. 18 рӯзноманигори дигар барои муддати кӯтоҳ ба озодӣ баромадаанд. Интизор меравад, ки онҳо дубора зиндонӣ шаванд. Ҷол Саймон-раиси Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон гуфтааст, онҳо аз наздик бар вазъи рӯзноманигорон назорат мебаранд.
XS
SM
MD
LG