Пайвандҳои дастрасӣ

Гушоиши нақби Шаҳристон як сол ақиб афтод


Дар Тоҷикистон эълон шудааст, ки мӯҳлати гушоиши нақби Шаҳристон дар роҳи автомобилрави Душанбе Хуҷанд то моҳи сентябри соли оянда ба таъвиқ гузошта мешавад. Қарор буд ин нақб то поёни соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Бино ба хабарҳои мунташира, шароити сахти зисмистон, аз ҷумла баста шудани роҳҳо, қатъи нируи барқ кори коргарони нақбро боздоштааст ва онҳо аз нақшаи кории худ ақиб мондаанд. Сохтмони ин нақбро ширкати чиноии "China Road" бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG