Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати ҳастаии Амрико эълон шуд


Амрико сиёсати дифои ҳастаии худро мураррефӣ кард. Давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар санади мунташира гуфтааст, ки "Амрико мехоҳад баён кунад, ки аслиҳаи ҳастаиро танҳо дар шароити фавқулодда зарур барои ҳимоят аз манофеи ҳаётии Амрико ва ё муттаҳидони худ ба кор мебарад". Амрико мегӯяд, посухи ҳастаӣ ба ҳамлаҳои биологӣ, кимёвӣ ва ё аслиҳаи маъмулӣ ба Амрикоро истисно медонад. Тибқи ин санад ҳамлаи ҳастаӣ ба кишварҳое, ки мувофиқатномаи манъи густариши аслиҳаи ҳастаиро имзо кардаанд, ғайримумкин аст. Вале Эрону Кореяи Шимолӣ истисно хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG