Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси RFE/RL дар Кобул бо Ҳомид Карзай мулоқот кард


Ҷеффри Гедмин-раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар ҷараёни боздид панҷрӯзааш аз Афғонистон дирӯз дар Кобул бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳадафи боздиди оқои Гедмин ҳимоят аз озодии матбуот дар Афғонистон аст. Дар ин мулоқот Ҳомид Карзай гуфт, "Афғонистон бо фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадим, ки иқтисодаш хароб шудаст ва дар чанголи ҷанг мондааст, мехоҳад, ки мавриди эҳтиром қарор дошта бошад". Мулоҳизоти зиддиғарбии рӯзи якшанбеи Ҳолмид Карзай дар сархати хабарҳо қарор дошт. Дар дафтари Радиои Озодӣ дар Кобул Гедмин кормандони ин дафтарро табрик гуфт, зеро бахши Афғонистони Озоди Радиои Озодӣ дар ин кишвар бонуфузтарин радио ба шумор меравад. Оқои Гедмин афзуд, Радиои Озодӣ дар бозсозии ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон нақши хеле муҳим бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG