Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун аз нооромиҳо дар Талас изҳори нигаронӣ кард


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз нооромиҳо дар шаҳри Таласи Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора Мари Окабе-намояндаи дафтари Дабири Кулл ба рӯзноманигорон хабар дод. Бан Ки Мун аз ҷонибҳои муноқиша хостааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва ба музокира нишинанд. Дабии Кулли СММ таъкид кардааст, ки озодии ҳар гуна ҳамоиш ё тазоҳурот унсури ҳар ҷомеаи демократист, вале бояд қонун авлавият дошта бошад. Боздиди Бан Ки Мун имрӯз аз Қазоқистон ва умуман аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хотима меёбад ва вай барои як боздиди чаҳоррӯза озими Австрия мешавад. Вай 3-юми апрел дар ҷараёни боздидаш аз Қирғизистон ва мулоқоташ бо Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури ин кишвар аз мақомот хоста буд, ки бояд озодиҳои башариро риоят кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG