Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Талас бинои вилоятиро дубора забт карданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, чанд ҳазор нафар тазоҳуркунандагон дар шаҳри Талас, воқеъ дар ҷануби кишвар бинои ҳукумати вилолятиро дубора ба тасарруфи худ даровардаанд. Рӯзи сешанбе пулиси зидди тазоҳурот бо истифода аз гази ашковар ҳудуди 3000 нафар тазоҳуркунандаро пароканда ва бинои ҳукумати вилоятиро аз тазоҳуркунандагон озод карда буд. Бо вуҷуди ин, қисмате аз бинои вилоятӣ ҳамчунон дар дасти тазоҳуркунандагон буд. Сухангӯи бемористони вилояти Талас ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар задухурдҳо бештар аз 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, Омурбек Тикебаев-раиси ҳизби "Ате-Мекен", Анвар Артиков-раиси пешини вилояти Ӯш, Болот Шерниёзов-муовини пешини раиси порламони Қирғизистон ва чанд нафари дигар дар Бишкек, Ӯш ва Талас боздошт шудаанд. Алмазбек Атамбаев-нахуствазири пешини Қирғизистон ва раиси ҳизби оппозитсионии Сотсиал-Демократ дар Бишкек боздошт шудааст. Баъзе аз сомонаҳои мустақил баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG